НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ УКРАИНА
Киев, 8 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Аз рӯи хабарҳои охирини Комиссияи марказии интихоботи Украина, то соати 6 – у 30 дақиқаи субҳи имрӯз 77,43 фоизи протоколҳои овоздиҳии қитъаю ҳавзаҳои интихоботии Украина таҳлил ва ҷамъбаст карда шуданд. Аз рӯи натиҷаи ҳисоби овозҳо Виктор Янукович пешсаф мебошад, вале фарқияти натиҷаҳои ба даст овардаи ӯ нисбат ба Юлия Тимошенко торафт камтар мешавад. Тибқи хабарҳои расида, 48,92 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории роҳбари Ҳизби минтақаҳои Украина Виктор Янукович овоз додаанд. Сарвазири Украина ба 45,42 фоизи овози интихобкунандагон соҳиб гардидааст. 4,49 фоизи интихобкунандагон ба муқобили ҳар ду номзад овоз доданд. 1,16 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ беэътибор дониста шуд. Дар даври дуюми интихобот ғалаба насиби номзаде хоҳад гашт, ки ба аксарияти овозҳои интихобкунандагон соҳиб мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






