НОЗИРОНИ ЧИНӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Бо даъвати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ гурӯҳи нозирони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои назорати ҷараёни интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ ба Душанбе меоянд. Ба гурӯҳи нозирон сафири супоришоти махсус Чжоу Сяопей роҳбарӣ мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 28 феврали соли 2010 дар бинои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин қитъаи интихоботӣ кушода мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи интихобот дар Пекин мусофират доранд, метавонанд аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, ба тарафдории номзадҳои арзандаашон овоз диҳанд. Айни ҳол дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин рӯйхати пешакии интихобкунандагон тартиб дода мешавад. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳамаи масъалаҳои ташкилии тайёрӣ ба интихобот ҳал карда шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






