ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН ДАР КАДОМ САТҲ ҚАРОР ДОРАД?
Мӯъминобод, 23 феврал (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- «Дар ноҳияи Мӯъминобод омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мувофиқи талаботи санадҳои қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст»,- гуфт ба мухъбири АМИТ «Ховар», раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод — 38 Раҷабалӣ Табаров. Дар ноҳия 125 участкаи интихоботӣ созмон дода шуда, ҳангоми омодагиҳо ба раванди интихобот 4 семинар, 18 вохӯрӣ ба аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд, ки дар он беш аз 2000 нафар аҳолии нохия ширкат варзиданд. Номзадҳо ба вакилӣ, дар рафти вохурӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагон шинос карда таъкид сохтанд, ки дар интихоботи дар пешистода ба таври фаъол иштирок кунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






