ОТАШБОЗИИ КӮДАК САБАБИ МАРГИ Ӯ ШУД

Февраль 8, 2010 08:57

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 16 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 63 ҳазору 695 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 884 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 6, вилояти Хатлон – 5, шаҳри Душанбе – 3, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ -1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодисаи сӯхтор 2 феврали соли ҷорӣ дар манзили истиқоматии Раҷаб Раҷабов сокини маҳалаи Ҳоҷиало, деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара рух дод. Сабаби ба амал омадани сӯхтор оташбозии кўдакон мебошад. Кӯдакони хонаи мазкур захираи коҳи хушки дохили бордони автомашинаи тамғаи «Камаз», ки дар ҳолати корношоям қарор дошт оташ заданд. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 11 метри мураббаъ захираи коҳ дар ҳаҷми 1500 кг ва «Камаз» пурра сӯхта нобуд гардид, инчунин Раҳматҷонзодаи Муҳаммадолимхони 4 сола бо 70 фоиз сӯхтани бадан ҷароҳат гирифта, ба ҳалокат мерасад. Зарари аз сӯхтори ба амал омада маблағи 2 ҳазор сомониро дарбар мегирад.                  

Февраль 8, 2010 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд