ПАРДОХТИ ҚУВВАИ БАРҚ ИН ҚАРЗИ ҲАР ЯК КОРХОНА АСТ

Февраль 2, 2010 15:51

  Ваҳдат, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Зимни сӯҳбат муовини раиси шаҳри Ваҳдат Хайриддин Камолов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар соли 2009 барои тайёр намудани хатҳои интиқоли қувваи барқ ва зеристгоҳҳо корҳои муайяне ба анҷом расид. Аз тарафи шабакаи барқи шаҳр дар кабелҳои зеризаминии 10 кВ хатҳои ҳавоии 10 кВ. корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ гузаронида шуд. Хатҳои ҳавоии кӯчаҳои Рӯдакӣ, Меҳнат, Ҷомӣ деҳаи Пистамазор, Лолазор, Чиртак, Бостон, Панҷикон, Гешӣ, Шоразм, Зардолу аз шохаҳои дарахтон тоза карда шуданд. Хатҳои кабели зеризаминии кӯчаҳои Рӯдакӣ, Салимзода Ватан Туғдона, ки ба садамаи барқӣ дучор шуда буданд, пурра аз таъмир бароварда шуданд. Инчунин зеристгоҳҳои барқии деҳаҳои Меҳробод, Чортеппа, Чомрӣ, Файзбахш кӯдакистони Роҳатӣ ва кӯчаи Бинокорон аз таъмир бароварда шуданд. Соли 2009 аз аҳолӣ ва корхонаҳо маблағи ҷамъоварӣ аз қувваи барқ  10 млн. 871 ҳазору 090 сомониро ташкил дод, ки ин 77 фоизи нақшаро ташкил дод. Аҳолии шаҳр аз истифодаи қувваи барқ қарздор нест. Қарзи корхонаҳо 180 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шабакаи барқи шаҳри Ваҳдатро зарар аст, ки оид ба сари вақт пардохт намудани қарзи корхонаҳоро чораандешӣ намояд.  

Февраль 2, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд