ПАЁМИ Н.НАЗАРБОЕВ БА ПАРЛУМОНИ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 29 январ паёми худро дар бораи роҳу усулҳои тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ба маълумоти аъзои палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ расонид. Дар паём нақшаи дурнамои тараққиёти мамлакат барои даҳ соли оянда муайян карда шудааст. Н.Назарбоев зикр намуд, ки Қазоқистон тӯли солҳои гузашта ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ соли 2008 нисбат ба соли 2000 қариб ду баробар афзуд, маблағи маоши миёнаи моҳонаи коргарон 5 баробар ва маблағи миёнаи нафақа се баробар афзуд. СММ бо назардошти муваффақиятҳои ба даст овардаи Қазоқистон онро ба рӯйхати мамлакатҳои дорои нерӯи бузурги инсонӣ дохил намуд. Президенти Қазоқистон зикр намуд, ки дар назди ҷомеа то соли 2020 азифаҳои нав гузошта мешаванд. Бо супориши президент ҳукумати мамлакат барномаи давлатии тараққиёти соҳаҳои саноату кишоварзиро таҳия намуд. Тӯли солҳои оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 162 барнома амалӣ карда мешаванд, ки барои иҷрои онҳо 6,5 триллион танга ҷудо карда мешавад. Дар паёми президенти Қазоқистон пешбинӣ карда мешавад, ки мактабҳои мамлакат тӯли солҳои оянда ба системаи таълими 12 – сола гузаронида мешаванд. Н.Назарбоев эълон кард, ки ба шарафи иди 65 – солагии ғалаба ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ 65 – ҳазор танга мукофот дода мешавад. Инчунин маблағи маоши коргарон ва стипендияи донишҷӯён аз моҳи апрел сар карда 25 фоиз зиёд карда хоҳад шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






