ПИСАР БА ПАДАР ҒАЛАБА КАРД
Хоруғ, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар ВМКБ баъди хомӯшии тӯлонӣ дар бозии шоҳмот нахустин гомҳо боз рӯи кор омаданд. Рӯзи 3- уми моҳи феврал дар мактаби рақами 11-и деҳаи Кушки ҷамоати Поршнев ноҳияи Шуғнон мусобиқаи шоҳмот барои гирифтани ҷоми ба номи Карамшо Масъумов, ки ду ҳафта ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Мусобиқа бо ибтикори соҳибкори деҳа Атоназар Соҳибназаров баргузор гардида, дар баробари хонандагон, инчунин волидону омӯзгорон низ барои соҳиб шудан ба ин ҷом мубориза бурданд. Аз миёни 18 нафар ба бозии ниҳоӣ падару писар Олуча Ҷумъаев ва Хусрав Ҷумъаев роҳхат гирифта, баъди рақобати дусоата писар бар падар ғалаба кард ва сохиби ҷоми ба номи Карамшо Масъумов гардид. Дар миёни наврасон ҷои якуму дуюм насиби хонандаи синфи панҷ С. Карамшоев ва хонандаи синфи ҳафт И.Мӯъминшоев гардид.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






