ПИСАР БА ПАДАР ҒАЛАБА КАРД

Февраль 5, 2010 09:34

Хоруғ, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Дар ВМКБ баъди хомӯшии тӯлонӣ дар бозии шоҳмот нахустин гомҳо боз рӯи кор омаданд. Рӯзи 3- уми моҳи феврал дар мактаби рақами 11-и деҳаи Кушки ҷамоати Поршнев ноҳияи Шуғнон мусобиқаи шоҳмот барои гирифтани ҷоми ба номи Карамшо Масъумов, ки ду ҳафта ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Мусобиқа бо ибтикори соҳибкори деҳа Атоназар Соҳибназаров баргузор гардида, дар баробари хонандагон, инчунин волидону омӯзгорон низ барои соҳиб шудан ба ин ҷом мубориза бурданд. Аз миёни 18 нафар ба бозии ниҳоӣ падару писар Олуча Ҷумъаев ва Хусрав Ҷумъаев роҳхат гирифта, баъди рақобати дусоата писар бар падар ғалаба кард ва сохиби ҷоми ба номи Карамшо Масъумов гардид. Дар миёни наврасон ҷои якуму дуюм насиби хонандаи синфи панҷ С. Карамшоев ва хонандаи синфи ҳафт И.Мӯъминшоев гардид.  

Февраль 5, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар