ПОРАГИРӢ БО РОҲИ ТӮҲМАТ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Порагирии Саидҷамил Раҳмонович Маҳмадалиевро дар шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия чунин шарҳ доданд: Саидҷалил Маҳмдалиев аз моҳи декабри соли 2009 дар раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, дар ҳамкорӣ бо собиқ корманди вазорати мазкур Ғайратшо Ҷумъаев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ рӯзи 6 – уми январи соли 2010 аз шаҳрванд «А», ки гӯё дар ҷинояти содиркардаи яке аз хешовандонаш гунаҳкор бошад, барои озод кардан аз ҷавобгарӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунад. Аз ин маблағ пешакӣ 500 долларашро мегирад ва рӯзи 13 – уми январи соли 2010 ҳангоми гирифтани боз як қисми маблағ ба миқдори 1000 доллар аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда мешавад. Ҳоло нисбати кирдори С. Маҳмадалиев ва Ғ. Ҷумъаев парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қ.4 (гирифтани пора)- и КҶҶТ оғоз гардида, тақдирашонро саҳифабандӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






