РӮЙДОДҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗНОМАИ ЧИНӢ

Февраль 23, 2010 14:34

Душанбе,  23  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Рӯзномаи  марказии  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин – «Женмин Жибао»  23  феврали соли равон  рубрикаи  махсуси «Муколамаи   фарҳангии  Тоҷикистону  Чин» — ро   кушод.  Дар  ин  бора  аз  Сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Пекин  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.  Рубрикаи  мазкур  бо  мақолаи  сафири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Чин  Рашид  Олимов «Қаробати  фарҳангҳои Тоҷикистону  Чин»  шурӯъ  мегардад. Ҳадафи  кушодани  рубрикаи  мазкур  огоҳ намудани  хонандагони  рӯзнома   аз  равобити  бисёрасраи  фарҳангию  маънавии   халқҳои  Тоҷикистону  Чин  мебошад.  Рӯзнома  инчунин  дар  бораи  муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону  Чин  тӯли  солҳои охир нақл  хоҳад  кард.  «Женмин Жибао» яке  аз  рӯзномаҳои   калонтарини   Чин  буда, дар  саросари  ҷаҳон  шӯҳрат  пайдо  кардааст.  Рӯзнома  дар  мамлакатҳои  гуногун  бештар  аз  70  бунгоҳи  иттилоотӣ  дорад. Саҳифаи интернетии онро  ба  забони  чинӣ  ҳар  рӯз  қариб  200  миллион  нафар  ва  саҳифаи  интернетии  русии  рӯзномаро  ҳар  рӯз қариб  ҳамин  қадар   хонанда  мутолиа  менамояд. Рӯзнома ба  забонҳои   русӣ,  англисӣ,  ҷопонӣ,  фаронсавӣ,  испонӣ  ва  арабӣ  чоп  мешавад.

Февраль 23, 2010 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд