РАЁСАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ВМКБ ХАБАР МЕДИҲАД
Хоруғ, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд дар давоми ҳафтаи гузашта якчанд ҷиноятҳои вазнин ошкор карда шуд. Чунончӣ, 20 феврал аз ҳавлии истиқоматии сокини кӯчаи ба номи Ш.Шотемури ноҳияи Мурғоб Абдуразоқ Аҳмедшарипов, ҷасади кӯдаки навзод ёфт гардид. Ҳангоми дидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 42 солаи ноҳияи Мурғоб «Х.Х.» ба гумони даст доштан ба ҷиноят дастгир карда шуд. Айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ҳамчунин 22 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 23 солаи ноҳияи Ишкошим «Н.Н.» ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз миёнбанди ӯ ба миқдори 250 гр. маводи нашъадори навъи чарс дарёфт ва мусодира карда шуд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот бурда мешавад. 22 феврал ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб шаҳрванди 23 сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ш.Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Б.Шогуниева дар ҳолати мадҳушӣ оварда шуд. Ҳангоми ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки номбурда ба хотири анҷом додани амали худкӯшӣ уксус истеъмол кардааст. Сабаби худкӯшӣ муайян карда мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






