РАЁСАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ВМКБ ХАБАР МЕДИҲАД

Февраль 25, 2010 16:37

Хоруғ, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд дар давоми ҳафтаи гузашта якчанд ҷиноятҳои вазнин ошкор карда шуд. Чунончӣ, 20 феврал аз ҳавлии истиқоматии сокини кӯчаи ба номи Ш.Шотемури ноҳияи Мурғоб Абдуразоқ Аҳмедшарипов, ҷасади кӯдаки навзод ёфт гардид. Ҳангоми дидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 42 солаи ноҳияи Мурғоб «Х.Х.» ба гумони даст доштан ба ҷиноят дастгир карда шуд. Айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ҳамчунин 22 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 23 солаи ноҳияи Ишкошим «Н.Н.» ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.  Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз миёнбанди ӯ ба миқдори 250 гр. маводи нашъадори навъи чарс дарёфт ва мусодира карда шуд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот бурда мешавад. 22 феврал ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб шаҳрванди 23 сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ш.Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Б.Шогуниева дар ҳолати мадҳушӣ оварда шуд. Ҳангоми ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки номбурда ба хотири анҷом додани амали худкӯшӣ уксус истеъмол кардааст. Сабаби худкӯшӣ муайян карда мешавад.      

Февраль 25, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад