РОҲБАРИ НАВИ ФОНДИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Февраль 10, 2010 12:10

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Намояндаи  Арманистон,  профессор   Армен Смбатян  мудири  иҷроияи  Фонди   байнидавлатии  ҳамкории гуманитарии  давлатҳои  ИДМ  таъин  гардид.  Мавсуф  қабл  аз  ин   дар  давоми  8  сол   сафири  Ҷумҳурии  Арманистон  дар  Федератсияи  Русия  буд. А.Смбатян  дар  ин  вазифа  Татяна  Бубноваро  иваз  кард. Армен  Багратович  Смбатян  17  ноябри  соли  1954  дар  шаҳри  Ереван  таваллуд  шуда,  соли  1980 факултаи  фортепианои  Консерваторияи  давлатии   Ереван ва  соли  1981  факултаи  композитсияи  Консерваторияи  давлатии  Ереванро  хатм  кардааст. Ӯ  аз  соли  1982  то  соли  1987  директори генералии  барномаҳои  мусиқии Кумитаи  давлатии радиою  телевизионии  Арманистон,  аз соли 1995  то  соли  2002  ректори  Консерваторияи давлатии  Ереван,  аз  соли 1996 то  соли  1998  вазири фарҳанг,  варзиш  ва  масъалаҳои  ҷавонони  Арманистон  шуда  кор  кардааст. Ӯ соли  1997  раиси   Ҷамъияти  дӯстӣ ва  ҳамкории  Арманистон бо  мамлакатҳои  хориҷӣ  таъин гардид. Мавсуф  соли  2002   сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Арманистон  дар  Русия  таъин карда шуд. Соли  1987  ба  ӯ  унвони Арбоби  шоистаи  санъати Арманистон,  соли  1992  унвони  илмии  профессор  дода шуд.  А.Смбатян  соли  2001  бо  фармони  президенти  Арманистон бо  медали  Мовсес Хоренатси  мукофотонида шуд.  Ӯ  забонҳои русӣ  ва  англисиро  медонад.

Февраль 10, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд