РОҲИ ИНТИҚОЛИ МАВОДИ НАЪШАДОР БАСТА ШУД

Февраль 8, 2010 09:39

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова) —   5 феврал кормандони шӯъбаи фаврӣ — тафтишотии Раёсати Агентии мубориза бар зидди маводҳои нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳи интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Панҷ бастанд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт сокини ноҳияи Панҷ «Х.Б.» бо 8 кг. 05 гр. афюн ва 2 кг. 25 гр. банг дастгир карда шуд. Дар рафти корҳои тафтишотӣ-ҷӯстуҷӯӣ, хамчунин ҳамроҳи «Х.Б.» сокини ноҳияи Панҷ шаҳрванд «М.Н.» низ боздошт карда шуд (барои халал нарасонидан ба тафтишот маълумоти пурра оид ба дастгиршудагон дода намешавад). Тавре ки аз маркази матбуотии Агентӣ иттилоъ доданд, айни ҳол дастгиршудагон дар боздоштгоҳи тафтишотии Агентӣ дар вилояти Хатлон нигоҳ дошта мешаванд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Чорабиниҳо барои муайян кардани шахсони ба ин ҷиноят даст дошта аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон пеш бурда мешаванд.  

Февраль 8, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд