СӮҲБАТИ Р.ХОЛБРУК БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрук 20 феврал баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр намуд, ки бо Президент вазъияти Афғонистон ва нақши Тоҷикистонро дар бобати ба эътидол овардани вазъият ва барқарор сохтани иқтисодиёти ин мамлакат, ҳамкории мамлакатҳои минтақа дар соҳаи энергетика ва ғайраро муҳокима кардааст. Р.Холбрук махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар масъалаи таъмини вазъияти босуботи Афғонистон нақши муҳим бозида метавонад. Меҳмон изҳор намуд, ки ӯ дар давоми шаш моҳи охир бори сеюм бо Президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад. Зимни сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон инчунин масъалаҳои сохтмони кӯпруки нав дар байни Тоҷикистон Афғонистон, сохтмони хати баландшиддати интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва проблемаҳои обу энергетика муҳокима шуданд. Ба қавли Р.Холбрук терроризми байналмилалӣ дар шароити имрӯза ба тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд. Бинобар ин ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон даъват карда мешаванд, ки дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ муттаҳид гарданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






