САҲМИЯИ РОҒУН МУКОФОТИ НАВРӮЗӢ БА ПАҲЛАВОНОН

Февраль 23, 2010 10:36

 Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази асосии ҷашнгоҳи иди Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе «Боғи ботаникӣ»-и пойтахт ба шумор меравад. Иди аҷдодӣ-  Наврӯзи оламафрӯз дар «Боғи ботаникӣ» рӯзи 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Бояд зикр кард, ки масъалаи омодагиҳо ба иди  Наврӯз 22 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ҷаласа зикр шуд, ки Иди Наврӯз ҳамчунин рӯзи 22 март дар сатҳи чор ноҳияи пойтахт -дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ба номи Сайдриддин Айнӣ, майдони 800- солагии Москва ва Кӯли ҷавонон инчунин,  23 март дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо таҷлил карда мешавад. Бо мақсади истиқболи сазовори Наврӯзи хуҷастапай 24 март соати 14 дар  Амфитеатр консерти идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик ташкил карда мешавад. Истиқболи Наврӯз бо чорабиниҳои варзишӣ шукӯҳи хоса дорад. Бо ин мақсад  21 март соати 15 дар Варзишгоҳи марказӣ гӯштини миллӣ ва дар Ипподром пойгаи аспдавонӣ  баргузор карда мешавад. Барои варзишгарон аз ҷониби шаҳрдорӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» бо арзишҳои гуногун ҳамчун мукофот гузошта мешаванд. Мукофоти олӣ барои ғолиби гӯштини миллӣ — саҳмия бо арзиши 15 ҳазор сомонӣ ва пойгаи аспӣ саҳмия бо арзиши 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.   

Февраль 23, 2010 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд