САТҲИ ОБИ ОБАНБОР БОЗ 10 МЕТР ЗИЁД МЕГАРДАД

Февраль 10, 2010 11:06

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори  техникии НБО «Сангтӯда -1» Леонид Дудченко, корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи мазкур аллакай анҷом дода шудаанд. Барои ба иқтидори лоиҳавӣ расонидани нерӯгоҳ дигар корҳои техникӣ анҷом дода мешаванд. То охири соли 2010 боз 10 метр баланд бардоштани сатҳи оби обанбори «Сангтӯда — 1» ба нақша гирифта шудааст. Айни замон сатҳи оби обанбор ба талаботи лоиҳавӣ ҷавобгӯ нест. Тибқи лоиҳа, захираи оби обанбор ҳангоми баланд шудани оби Вахш дар моҳҳои март – май ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои наздик яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, аз нав ба кор дароварда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки нерӯгоҳи «Сангтӯда — 1» то охири моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 3 млрд. кВт/ соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. «Сангтӯда -1» ҳоло 15 фоизи  нерӯи барқи ҷумҳуриро истеҳсол мекунад, ки ин ҳадди охир нест. Бо пур шудани оби обанбор ва ба иқтидори лоиҳавӣ баровардани нерӯгоҳ он то 25 – 30 фоизи умумии    барқро дар Тоҷикистон истеҳсол хоҳад кард.         

Февраль 10, 2010 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд