СЕМИНАР БАХШИДА БА МАСЪАЛАИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ

Февраль 23, 2010 14:38

Душанбе,  23  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Фирдавс  Таваров). —  22  феврал  дар Пажӯҳишгоҳи  химияи  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  дар  мавзӯи  «Вокуниши таъҷилӣ  ба  вазъияти  радиатсионӣ»  семинар кушода  шуд. Семинари  мазкур  бо  ташаббуси  Агентии  байналмилалии энергияи  атом,  намояндагии  минтақавии  маркази  назорату  пешгирии   бемориҳои  ИМА  дар   Осиёи  Марказӣ, Маркази  омӯзиши  муноқишҳо  ва  фалокатҳои ғайритабии Агентии  байналмилалии энергияи  атом  ва Агентии таъмини  бехатарии  атомии Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гузаронида  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  семинар   коршиносони  Агентии   байналхалқии  энергияи  атом  аз  Қазоқистон  ва  Русия   Александр  Осинцев  ва  Борис  Петров,  инчунин   кормандони  Хадамоти   назорати  давлатии  санитарию  эпидемиологии  ҷумҳурӣ,  Пажӯҳишгоҳи  гастроэтерология,  намояндагони  вазорати тандурустӣ,  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда  ва  ташкилоту  идораҳои дигари  дахлдор  иштирок  доранд. Семинар  то 27  феврал  давом  мекунад.  

Февраль 23, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд