ШАМСОВ ЭКОЛОГҲОРО БА ҚАҲР ОВАРД
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, вазъи бади санитарию — экологӣ дар ҳудуди биноҳои бисёрошёнаи ҷамоати шаҳраки «Шарора» -и ноҳияи Ҳисор сохторҳои назоратии ҳифзи муҳити зистро бетараф нагузошт. Сифати оби тавассути чоҳҳои обкашии дастӣ истифодашавандаи аҳолӣ ҷавобгӯи талаботи оби нӯшокӣ нестанд. Миқдори коли – индекс дар таркиби оби нӯшокӣ аз меъёр зиёд аст. Хатти обтаъминкунӣ ва шабакаи канализатсия пурра фаъолият намекунанд. Барои иҷро накардани пешниҳодҳои нозирони ҳифзи муҳити зист, раиси шаҳраки «Шарора» Атохӯҷа Шамсов 700 сомонӣ ҷарима карда шуда, маводҳои тартиб додаи нозирон 19 декабри соли 2009 ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор супорида шуд. Дар прокуратура бо моддаи 266 (ифлос кардани об)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.