ШАМСОВ ЭКОЛОГҲОРО БА ҚАҲР ОВАРД

Февраль 23, 2010 10:01

Душанбе,  23 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, вазъи бади санитарию  — экологӣ дар ҳудуди биноҳои бисёрошёнаи ҷамоати шаҳраки «Шарора» -и ноҳияи Ҳисор сохторҳои назоратии ҳифзи муҳити зистро бетараф нагузошт. Сифати оби тавассути чоҳҳои обкашии дастӣ истифодашавандаи аҳолӣ ҷавобгӯи талаботи оби нӯшокӣ нестанд. Миқдори коли – индекс дар таркиби оби нӯшокӣ  аз меъёр зиёд аст. Хатти обтаъминкунӣ ва шабакаи канализатсия пурра фаъолият намекунанд. Барои иҷро накардани пешниҳодҳои нозирони ҳифзи  муҳити зист, раиси шаҳраки «Шарора» Атохӯҷа Шамсов 700 сомонӣ ҷарима карда шуда, маводҳои тартиб додаи нозирон 19 декабри соли 2009 ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор супорида шуд. Дар прокуратура      бо моддаи 266 (ифлос кардани об)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз  шудааст.  

Февраль 23, 2010 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад