ШИРКАТҲОИ ТОҶИКӢ ДАР НАМОИШГОҲИ АМРИКО

Февраль 10, 2010 16:17

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). —  Ҳайати роҳбарони ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон «Промстрой», «Евростандарт», «Талкоалюминсохтмон», «Авроком» ва «Техно-инвест» дар намоишгоҳи 35-уми маҳсулоти сохтмонӣ, ки дар ш.Лас-Вегас, иллоёти Невадаи ИМА аз 1 то 5 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, иштирок карданд. Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, соҳибкорони тоҷик ба маҳсулотҳои намоишгоҳ шинос шуда, бо намояндагон даҳҳо ширкатҳои амрикоӣ ва байналхалқӣ бо мақсади муҳокимаи нақшаҳои корӣ, харидорӣ кардани таҷҳизоти муосири технологии сохтмонӣ, мулоқот барпо карданд. Ба хусус онҳо ба таҷҳизоти санҷишии маҳсулоти сохтмонии бетонӣ ва истеҳсолу интиқоли бетон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ҳайати ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи мазкур  бо намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҷаҳонӣ вохӯрда, оид ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ба ширкатҳои ҷаҳонии «Просек», «Тримбл», «Намбольд», «Швинг Америка Инкорпорейтед», «Афтек», «Вольво», «Катерпиллар», «Бош» «Инстром» гуфтугӯ ва мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Шӯъбаи иқтисодии Сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати тиҷорати ИМА нақша доранд, минбаъд низ  ҳамкориҳои судмандро миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва Амрико ба роҳ монанд.            

Февраль 10, 2010 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд