ШИРКАТИ САҲҲОМИИ НБО «САНГТӮДА – 1» ПАНҶСОЛА ШУД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз, 16 феврал ба таъсиси Ҷамъияти саҳҳомии муштараки Русия ва Тоҷикистон — Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» расо 5 сол пур шуд. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Системаи ягонаи энергетикии Русия» 5 сол пеш дар бораи ташкили ҷамъияти мазкур созишнома имзо карда буданд. Ҳадафи ташкили ҷамъияти саҳҳомӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» дар дарёи Вахш буд. Дар натиҷаи саъю кӯшиш ва ҷаҳду талоши сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия НБО «Сангтӯда- 1» дар давоми 4 сохта шуд. Агрегати нахустини он моҳи январи соли 2008, се моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба кор шурӯъ намуд. НБО «Сангтӯда- 1» дар ин муддат 3 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол намуд. Нерӯгоҳ айни ҳол дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 6,7 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол менамояд. Директори генералии НБО «Сангтӯда- 1» Владимир Белов энергетикҳои Тоҷикистон ва Русияро ба муносибати солгарди навбатии таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ табрик намуда, зикр кард, ки он ҳамаи вазифаҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намуда, дар таъмини иқтисодиёти мамлакат бо қувваи барқ саҳми калон мегузорад. Қариб 15 фоизи ҳаҷми умумии қувваи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба НБО «Сангтӯда- 1» рост меояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






