СОКИНОНИ ТУРСУНЗОДА СИФАТИ МАҲСУЛОТИ ХАРИДААШОНРО ТАШХИС МЕКУНАНД
Душанбе. 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо ибтикори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар бозори марказии шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Дар маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар озмоишгоҳи мазкур ҳамаи намуди маҳсулоти хӯрока ташхис шуда, дар баробари ин ҳар як харидор баъди харидани маҳсулот имкони дар озмоишгоҳ муайян кардани сифати онро дорад. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 дар асоси шартномаи байни «Тоҷикстандарт» ва «Тоҷикматлубот» дар бозорҳои ҷумҳурӣ 5 озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуда, дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ як озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






