СТИПЕНДИЯҲОИ ФОНДИ РУШДИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ БА ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК

Февраль 22, 2010 13:53

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  26  феврал  дар  шаҳри  Душанбе  маросими  супоридани  дипломҳо ба  гирандагони   стипендияҳои ба  номи  Дмитрий  Менделеев  баргузор  мегардад, ки онҳоро Фонди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти  Евразия» — и  Федератсияи  Русия  таъсис  додааст. Стипендияҳои ба  номи  Д.Менделеев  ба  донишҷӯёне  дода  мешавад, ки  дар  мактабҳои олии  давлатӣ  таҳсил  карда,  дар  таҳсил,  тадқиқоти  илмӣ,  ҳаёти  ҷамъиятӣ  ва  фаъолияти  эҷодии  мактабҳо  саҳми  калон  гузоштаанд. Имсол  ба рӯихати  гирандагони  стипендияҳои ба  номи  Д.Менделеев  донишҷӯёни  беҳтарини  Донишгоҳи  миллӣ, Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  ба  номи  С.Айнӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи  давлатии  кишоварзӣ,  Донишгоҳи давлатии  тиббии  ба  номи  Абӯалӣ  ибни  Сино,  инчунин  донишгоҳҳои  давлатии  Кӯлоб,  Қӯрғонтеппа,  Хуҷанд  ва  Хоруғ  дохил  карда шуданд. Онҳо  анъанаҳои  беҳтарини   донишҷӯёни  солҳои гузаштаро  давом  дода,  дар  тадқиқоти  илмӣ,  таҳсил,  ҳаёти  ҷамъиятӣ  ва  корҳои  эҷодӣ  фаъолона  ширкат  меварзанд. Тибқи  нақша  дар  маросими  супоридани  стипендияҳо  муовини  раиси  фонди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти  Евразия» Александр  Герр,  сармушовири  раёсати  барномаҳои  ҳамкории  маъмурияти Президенти  Русия  Сергей  Новиков, вазири  маорифи  Тоҷикистон  Абдуҷаббор Раҳмонов,  намояндагони  сафорати  Русия  дар  Тоҷикистон,  академияи  маорифи  ҷумҳурӣ,   роҳбарону  намояндагони  мактабҳои олӣ  ва  донишҷӯёну  журналистон  иштирок  хоҳанд  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  имрӯз  дар  Қирғизистон, Тоҷикистон,  Ӯзбекистон,  Арманистон,  Обхозистон,  Озарбойҷон  ва  Иристони  шимолӣ  филиалҳои  фонд  фаъолият  доранд.  

Февраль 22, 2010 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд