СУДЯ ОБРӮЯШРО БО 2 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТ

Февраль 4, 2010 08:52

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Маъруф Нуриддинов барои татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» бо парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд «А» ва ҳамсараш аз онҳо 2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ рӯзи 30 – юми декабри соли 2009 судя  М.Нуриддинов зимни гирифтани маблағи 2 ҳазор доллар ба сифати пора аз шаҳрванд «А»,  дар назди майдончаи «Юност» — и шаҳри Қурғонтеппа дастгир карда шуд. Ҳоло нисбати М. Нуриддинов аз тарафи Раёсати Агентӣ бо моддаи 319 қ.4 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Февраль 4, 2010 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд