ТАҶЛИЛИ 85 – CОЛАГИИ МИЛИСАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУҶАНД

Февраль 5, 2010 10:54

Хуҷанд, 5  феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  4  феврал  дар шаҳри  Хуҷанд бахшида ба  85 – солагии  ташкили   милисаи  Тоҷикистон  ҷамъомади  ботантана  баргузор  гардид.  Дар он  роҳбарони  мақомоти  муҳофизи  қонуну тартибот,  собиқадорони  мақомоти  корҳои  дохилӣ,  аҳли  хонаводаҳои  кормандони  ҳалокшудаи  милиса,  намояндагони  аҳли  ҷамъият  ва  рӯзноманигорон  иштирок  доштанд. Сардори раёсати  корҳои дохилии  вилоят  Рауф  Юсуфов   ҷамъомадро кушода,  ҳозиронро  ба  муносибати  ин  санаи  муҳим  табрик  намуд. Вай  зикр  кард, ки  солҳои  90 – уми  асри  гузашта  дар  мубориза барои  ҳимояи  сохти  конститутсионии  мамлакат 213 корманди  милисаи  вилоят   ҳалок  гардид. Баъдан   раиси  вилояти  Суғд,  муовини  аввали   раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  олии  ҷумҳурӣ  Қоҳир  Расулзода  кормандони  милисаро ба  шарафи  иди  касбиашон табрик намуд. Раиси  вилоят дар  бораи   муборизаи   кормандони  милиса   барои  барқарор  сохтани  ҳокимияти  шӯравӣ  дар  маҳалҳо,  муборизаи  каҳрамононаи  кормандони  милиса  дар   ҷабҳаҳои  Ҷанги  дуюми ҷаҳон  ба  муқобили  фашистони  истилогар,   меҳнати  фидокоронаи онҳо дар  ақибгоҳ  ва  заҳмати  шабонарӯзии  кормандони  милиса  дар  шароити  имрӯза  сухан  ронд. Дар кисми  дуюми  ҷамъомад   ба  кормандони  беҳтарини  милисаи  вилоят  рутбаҳои нав  ва   мукофотҳо  супорида шуданд. Дар  байни  мукофотонидашудагон   сардори  шӯъбаи РКД  вилоят Одина  Ҷумъаев, ваколатдори   калони  милисаи  РКД  вилоят  Абдушукур  Раҷабов  ҳастанд. Бо  фармони  вазири  корҳои  дохилии  ҷумҳурӣ  ба муносибати  Рӯзи  милиса  6 нафар  корманди  милисаи  вилоят  бо  медали  «Хизмати  шоён»,  100  нафар  бо  медалҳои  идонаи «85 – солагии  милисаи Тоҷикистон», 75  нафар собиқадори  милиса бо  мукофотҳои  пулӣ  ва  ғайра  мукофотонида шуданд. Дар  фарҷоми  ҷамъомад  консерти  калони  идона намоиш дода шуд  

Февраль 5, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд