ТАРИФИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузории дохилу хориҷи кишвар баҳри азнавсозӣ ва таъмири нерӯгоҳҳои «Норак», «Қайроққум», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» ниёз дорад,- иброз дошт вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Алҳол барои нав кардани тамоми механизмҳои нерӯгоҳи «Норак», ки беш аз 30 сол нерӯи барқ истеҳсол менамояд, 60 – 70 млн. сомонӣ зарур аст. Аз ин рӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани нархи истифодабарии нерӯи барқ розигӣ дод, ки аз 1 – уми январи соли 2010 Вазорати энергетика ва саноат ба тарифи нави хизматрасонӣ гузарад. Ин тарифбарои аҳолӣ 9 дирамро барои як киловатт ташкил медиҳад.Мақсад аз гузаштан ба тарифи нави хизматрасонӣ навсозӣ кардани нерӯгоҳҳои муддати дароз фаъолиятдошта мебошад, ки ин сиёсатро мардуми кишвар ҳамеша дасгирӣ кардаанд ва мекунанд. Аз 1 – уми феврал дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ лимити барқ тағйир дода шуд ва ба аҳолӣ дар як рӯз 10 — 11 соат барқ дода мешавад. Аз 1 – уми апрел бошад лимит пурра бардошта мешавад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






