ТАРТИБИ НАВИ СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО ВА ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили қонунгузории имрӯзаи андоз, тартиб ва гузаронидани андозсупорандагон аз як низом ба низоми дигари андозбандӣ зимни як семинар-машварати кормандони соҳаи андоз, 9 феврал дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то якуми январи соли ҷорӣ чораҳои начандон самараноки маҷбуран ситонидани андозҳо тавассути судҳо, ба муддатҳои тӯлонӣ баррасӣ гардидани муроҷиати мақомоти андоз, ба таври зарурӣ ба фаъолият оғоз накардани судиҷрочиён ва ба мӯҳлати дароз пешбинӣ намудани расмиёти муфлисшавӣ имконият намедод, ки нисбат ба саривақт пардохт накардани маблағи андозҳо тадбирҳои таъсирбахш андешида шаванд. Дар натиҷа маблағи бақияи қарзи андозҳо дар соли 2009 беш аз 611 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин чорабинӣ беш аз 200 нафар роҳбарон ва сармуҳосибони ширкату корхонаҳо иштирок намуда, оид ба тартиби нави ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, тартиби ғайрисудии ситонидани маҷбурии андозҳо ва оид ба тағӣиру иловаҳо ба қодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида иттилоъ гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






