ТАРТИБИ НАВИ СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО ВА ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ

Февраль 10, 2010 08:35

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили қонунгузории имрӯзаи андоз, тартиб ва гузаронидани андозсупорандагон аз як низом ба низоми дигари андозбандӣ зимни як семинар-машварати кормандони соҳаи андоз, 9 феврал дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то якуми январи соли ҷорӣ чораҳои начандон самараноки маҷбуран ситонидани андозҳо тавассути судҳо, ба муддатҳои тӯлонӣ баррасӣ гардидани муроҷиати мақомоти андоз, ба таври зарурӣ ба фаъолият оғоз накардани судиҷрочиён ва ба мӯҳлати дароз пешбинӣ намудани расмиёти муфлисшавӣ имконият намедод, ки нисбат ба саривақт пардохт накардани маблағи андозҳо тадбирҳои таъсирбахш андешида шаванд. Дар натиҷа маблағи бақияи қарзи андозҳо дар соли 2009 беш аз 611 миллион сомониро ташкил дод.   Дар ин чорабинӣ беш аз 200 нафар роҳбарон ва сармуҳосибони ширкату корхонаҳо иштирок намуда, оид ба тартиби нави ситонидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, тартиби ғайрисудии ситонидани маҷбурии андозҳо ва оид ба тағӣиру иловаҳо ба қодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида иттилоъ гирифтанд.

Февраль 10, 2010 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд