«ТЕЛЕФОНИ МУСТАҚИМ» БАРОИ СОҲИБКОРОН

Февраль 22, 2010 08:21

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Бекназари   Абӯбакр). —  Кумитаи  давлатии   сармоягузорӣ  ва  идораи  моликияти  давлати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамроҳи   намояндагии  Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  ва Ҷамъияти  саҳҳомии  «Вавилон» барои   соҳибкорон  ва  тоҷирони  мамлакат  Маркази  машваратӣ  кушод.  Соҳибкорону тоҷирон  ба  воситаи  телефони  боварӣ  аз  маркази  мазкур   дар  бораи  гузаронидани тафтишҳо  ва манъ  кардани  онҳо  маълумоти  зарурӣ  гирифта  метавонанд. Рақами  телефони  боварии  марказ  +44 6202525  мебошад. Телефони  мустақим   имкон  медиҳад, ки   дониши  ҳуқуқии   соҳибкорону тоҷирон  васеътар  гардонда,  ба онҳо   дар  бораи   амалӣ  сохтани  қонунҳо «Дар  бораи тафтиши  фаъолияти  корхонаю  муассисаҳо  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ва «Дар  бораи боздоштани  тамоми  навъҳои  тафтиши  корхонаҳои  хурду  миёна»  маълумоти  зарурӣ  дода  шавад. Муовини раиси  Кумитаи  давлатии   сармоягузорӣ  ва идораи  амволи давлатӣ  Шӯҳрат  Раҳматбоев ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   ташкили  алоқаи  мустақими  телефонӣ  ҷузъи муҳими  низоми  ислоҳоти  тафтиш  дар  ҷумҳурӣ  буда,  ба  пешрафти  фаъолияти  соҳибкорон  кӯмаки  калон  мерасонад.  Ш. Раҳматбоев  барои ташкили   алоқаи  мустақими  телефонӣ  ба  Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  ва  Ҷамъияти  саҳҳомии «Вавилон» изҳори  сипос  намуд. Роҳбари  намояндагии  Корпоратсияи  байналмилаии  молиявӣ  дар  Тоҷикистон  Венди  Вернер  изҳор  намуд, ки  корпоратсия  дар  давоми  5  соли охир   ба  Ҳукумати Тоҷикистон  барои  такмили  низоми   тафтиши  фаъолияти  корхонаҳо  кӯмак  мерасонад. Бинобар  ин  мо  ташаббуси Кумитаи  давлатии  сармоягузориро   дастгирӣ  намудем. Боварӣ  дорем, ки  ин  иқдом  ба  Ҳукумати  мамлакат  барои беҳтар  сохтани  низоми  тафтиш  мусоидат  хоҳад  кард,  гуфт В.Вернер.

Февраль 22, 2010 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад