ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОИ ЁЗДАҲУМ
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Дар шаҳри Давоси Швейтсария маҷлиси идонаи 40 – уми Созмони ҷаҳонии иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он вазъияти муҳити зист дар соли 2010 таҳлил намуда, ба мавқеъ ва саҳми мамлакатҳои ҷаҳон дар ин масъала баҳо дода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Тоҷикистон дар байни 163 мамлакати ҷаҳон дар масъалаҳои назорат ва пешгирии олуда гардидани муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо ҷои 11 – умро ишғол намуд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — Қирғизистон дар ин масъала ҷои 79 – ум, Қазоқистон ҷои 91 – ум, Ӯзбекистон ҷои 144 – ум ва Туркманистон ҷои 157 – умро ишғол менамоянд. Дар мақоми аввали рӯихати тартибдодаи Созмони ҷаҳонии иқтисодӣ Исландия ва Швейтсария ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






