ТОҶИКИСТОН УҲДАДОРИҲОИ МОЛИЯВИРО ДАР НАЗДИ СММ ИҶРО КАРД
Ню — Йорк, 4 феврал. (АМИТ «Ховар» — СММ.орг). — Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон то ҳол ӯҳдадориҳои молиявии худро дар назди СММ иҷро накардаанд. Қоидаҳои узвияти СММ талаб менамоянд, ки мамлакатҳои аъзои он маблағҳои ба зимма гирифтаашонро то 31 январ ба буҷети созмон гузаронанд. Хабар дода мешавад, ки то охири моҳи январ аз 192 мамлакати аъзои СММ ҳамагӣ 26 давлат ӯҳдадориҳои молиявии худро дар соли 2010 иҷро намудаанд. Арманистон, Тоҷикистон, Украина, Эстония, Латвия ва Самоа аз ҳамин ҷумлаанд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми ҳаққи узвияти ҳар давлат дар буҷети СММ аз рӯи ҳаҷми умумии хароҷоти созмон муайян карда мешавад. Маҷмаи кулли СММ маблағи пардохти мамлакатҳои аъзоро ҳар се сол як маротиба муқаррар менамояд. Дар ин маврид дараҷаи рушди иқтисодиёт ва шумораи аҳолии мамлакатҳо ба назар гирифта мешаванд. Тавре ки маълум аст, ӯҳдадории молиявии мамлакатҳои аъзои СММ аз се қисм — маблағ ба буҷети ҷории СММ, хароҷоти амалиёти таъмини сулҳ ва таъмини фаъолияти трибуналҳои байналхалқӣ иборат аст. Вале акнун аз мамлакатҳои аъзои созмон барои тармими куллии биноҳои қароргоҳи асосии он дар Ню – Йорк низ маблағи муайян гирифта мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






