ТОҶИКИСТОН УҲДАДОРИҲОИ МОЛИЯВИРО ДАР НАЗДИ СММ ИҶРО КАРД

Февраль 4, 2010 15:23

Ню — Йорк,   4  феврал. (АМИТ «Ховар» — СММ.орг). —  Аксарияти  мамлакатҳои  ҷаҳон  то  ҳол  ӯҳдадориҳои  молиявии  худро  дар назди  СММ  иҷро  накардаанд. Қоидаҳои  узвияти  СММ  талаб  менамоянд, ки   мамлакатҳои  аъзои  он   маблағҳои  ба зимма  гирифтаашонро  то  31  январ  ба буҷети  созмон  гузаронанд. Хабар  дода  мешавад, ки  то охири моҳи  январ   аз 192  мамлакати  аъзои  СММ  ҳамагӣ  26  давлат ӯҳдадориҳои  молиявии  худро  дар  соли  2010   иҷро намудаанд. Арманистон, Тоҷикистон, Украина,  Эстония, Латвия  ва Самоа  аз  ҳамин  ҷумлаанд. Бояд  гуфт, ки  ҳаҷми  ҳаққи  узвияти  ҳар  давлат  дар  буҷети  СММ  аз  рӯи  ҳаҷми  умумии  хароҷоти  созмон   муайян  карда  мешавад.  Маҷмаи  кулли  СММ  маблағи  пардохти  мамлакатҳои  аъзоро  ҳар  се  сол  як  маротиба  муқаррар  менамояд. Дар  ин  маврид  дараҷаи  рушди  иқтисодиёт  ва  шумораи  аҳолии  мамлакатҳо  ба  назар  гирифта  мешаванд. Тавре ки  маълум  аст, ӯҳдадории  молиявии  мамлакатҳои  аъзои  СММ аз  се  қисм —  маблағ  ба  буҷети  ҷории  СММ,  хароҷоти  амалиёти таъмини  сулҳ  ва  таъмини  фаъолияти трибуналҳои  байналхалқӣ  иборат  аст.  Вале  акнун  аз  мамлакатҳои  аъзои  созмон   барои  тармими  куллии   биноҳои  қароргоҳи асосии  он   дар  Ню – Йорк  низ  маблағи  муайян  гирифта  мешавад.  

Февраль 4, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид