ВАЗЪИ ЗАБОНИ МУШТАРАКИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОН ДАР ШАРОИТИ ГЛОБАЛИЗАТСИЯ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Забони тоҷикӣ-форсӣ дар гузаштаи начандон дур натанҳо забони муошират, балки забони илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ будааст», гуфт зимни суханрониаш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар конфронси илмие, ки 5 феврал таҳти унвони «Забони тоҷикӣ ва фарҳанги форсизабонон» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор гардид. А. Шеърдӯст зикр кард, ки дар мулоқоти Сарони се кишвари форсизабон, ки чанд сол муқаддам дар Душанбе баргузор шуд, роҳбарони се кишвари форсизабон таваҷҷӯҳи бештари худро ба ташаккули забони муштарак ва фарҳангу тамаддуни давлатҳо, хусусан таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ равона карда буданд. Ҳамзамон, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ роҷеъ ба забони муштарак –мероси ниёкон ва мақоми забони тоҷикӣ-форсӣ дар тавсеаи равобити ҳамкориҳои ҳасанаи кишварҳои форсизабон сухан карда, афзуд, ки забони тоҷикӣ-форсӣ, ки таърихи бою куҳан дорад, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ рисолати худро иҷро намудааст. Конфронси мазкур бо ибтикори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он донишмандони шинохтаи се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ширкат намуданд. Аз ҷумла, донишмандони шинохтаи тоҷик Худоӣ Шариф, Мирзо Муллоаҳмадов, Юсуф Акбарзод ва чанде дигарон роҷеъ ба адабиёти муосир ва фарҳанги форсӣ, таърих, хат ва таҳаввули фарҳанги форсӣ, вазъи забони тоҷикӣ-форсӣ, рушди минбаъда ва нақши забон дар таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии се кишвари форсизабон, Қонуни забон ва меъёрҳои байналмилалии рушди забонҳои миллӣ, вожаҳо ва истилоҳи тоза дар забони тоҷикӣ -форсӣ табодули назар карданд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






