ЗАХИРАИ ЗАРУРИИ ТУХМӢ ВУҶУД ДОРАД
Душанбе, 25 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1 – уми феврали соли 2010 корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 51798 тонна тухмӣ, аз он ҷумла, 46 ҳазору 231 тонна гандуми тухмӣ, -22837 картошкаи тухмӣ ва 14 ҳазору 616 тонна чигити тухмӣ захира намуданд. Бино ба гуфти мутахассиси соҳаи кишоварзии Кумитаи давлатии омор М.А. Абдуллоев, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 29 фоиз ғалладонаи тухмӣ, 81 фоиз картошка ва 6 фоиз бештар чигити тухмӣ захира карда шудааст. Боис ба ёдоварист, ки соли гузашта бар асари хунук омадани зимистон захираи картошкаи тухмӣ талаф ёфт ва он ба кори картошкапарварон мушкилоти зиёд овард. Соли ҷорӣ картошкаи тухмӣ беталаф нигоҳдорӣ ва захира карда шудааст ва он имкон медиҳад, ки кишти замини картошка зиёд гардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






