ЗАМИНРО ФУРӮХТА ХУДРО БА МАҲБАС МЕЗАНАД

Февраль 5, 2010 09:41

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фактҳо шоҳиди ҳоланд, ки замин чун манбаи даромад аз тарафи баъзе роҳбарони шаҳру навоҳӣ  ба корафтодагон хариду фурӯш карда мешавад.      Дар аризае, ки  аз номи шаҳрванд «Ф» ба Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ворид шудааст, гуфта мешавад,  ки раиси ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ» — и ноҳияи Хуросон Аҳлиддин Сафаров барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи 0,7 га ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ ба ҳайси пора 1500 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ рӯзи 5 – уми январи соли 2010  шаҳрванд А. Сафаров ҳангоми гирифтани пора  ба маблағи 1400 доллари амрикоӣ  аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Аз ин пештар – 21 уми декабри соли 2009 А. Сафаров аз шаҳрванд «Ф» 100 доллари амрикоӣ пешмузд гирифтааст. Нисбати А. Сафаров Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 319 қ.3 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Февраль 5, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд