ЖУРНАЛИСТОН ҚОИДАҲОИ ИНЪИКОСИ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТРО МЕОМӮЗАНД
Хуҷанд, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Сановбар Мақсудова). – 12 – 13 феврал дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров бо кӯмаки Бунёди Фридрих Эберти Олмон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ дар мавзӯи «Воситаҳои ахбори оммавӣ, ҳуқуқ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат» семинар баргузор гардид. Дар он сардори раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Дӯстмурод Муродов, сардори раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов, мутахассиси пешбари шӯъбаи таҳлилию иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президент Маҳмудхон Сараев, роҳбари дастгоҳи марказии Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбари дафтари матбуоти Комиссияи м арказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов, роҳбари намояндагии Бунёди Фридрих Эберт дар Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров ва дигарон сухан карданд. Онҳо дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба интихобот, фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, масъулияти журналистон ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар бобати инъикоси ҷараёни интихобот ва тайёрӣ ба он изҳори ақида намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






