ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз рӯи хабари Вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия 29 март дар натиҷаи амалиёти террористӣ дар метрои шаҳри Маскав чанд нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла се шаҳрванди Малайзия, як шаҳрванди Филиппин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Шаҳрванди бар асари таркиш ҳалокгардидаи тоҷик Умед Абдураҳмонов ном дошта, 24 сола мебошад. Имрӯз дар саросари Русия барои поси хотири қурбониёни амалиёти террористӣ дар метрои Маскав рӯзи мотам эълон карда шуд. Дар робита дар ҳамаи шаҳрҳо ва ҷумҳуриҳои мамлакат парчамҳои давлатӣ нимафрошта мешаванд. Ба муассисаҳои фарҳангӣ, радио ва телевизион пешниҳод карда шудааст, ки дар рӯзи мотам барномаҳои консертӣ ва дилхушкунандаро намоиш надиҳанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки рӯзи душанбеи 29 март дар истгоҳҳои «Лубянка» ва «Парк културы» и и метрои Маскав паси ҳам ду таркиши шадид ба амал омад, ки дар натиҷаи онҳо бештар аз 30 нафар ҳалок шуда, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






