ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Март 30, 2010 09:45

Душанбе,  30 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Аз  рӯи  хабари  Вазорати  вазъияти  фавқулоддаи  Русия  29  март  дар  натиҷаи   амалиёти террористӣ  дар  метрои  шаҳри  Маскав  чанд  нафар  шаҳрвандони  хориҷӣ,  аз  ҷумла се  шаҳрванди  Малайзия,  як  шаҳрванди Филиппин ва  як  шаҳрванди  Тоҷикистон  ҳалок  гардиданд.  Шаҳрванди  бар  асари  таркиш  ҳалокгардидаи  тоҷик  Умед  Абдураҳмонов  ном  дошта,  24  сола  мебошад. Имрӯз  дар  саросари  Русия  барои  поси  хотири   қурбониёни  амалиёти террористӣ  дар  метрои  Маскав  рӯзи  мотам  эълон  карда шуд. Дар  робита  дар  ҳамаи   шаҳрҳо  ва  ҷумҳуриҳои  мамлакат  парчамҳои  давлатӣ  нимафрошта  мешаванд. Ба  муассисаҳои  фарҳангӣ,  радио  ва телевизион  пешниҳод  карда шудааст, ки  дар рӯзи  мотам  барномаҳои  консертӣ  ва  дилхушкунандаро  намоиш  надиҳанд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  рӯзи  душанбеи 29  март  дар  истгоҳҳои «Лубянка» ва «Парк  културы» и и метрои  Маскав  паси  ҳам  ду  таркиши   шадид ба  амал  омад, ки  дар  натиҷаи онҳо  бештар  аз 30  нафар  ҳалок  шуда,  даҳҳо  нафари  дигар  маҷрӯҳ  гардиданд.

Март 30, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид