ҲХДТ СИЁСАТИ ПЕШТАРАИ ХУДРО ДАВОМ МЕДИҲАД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Муовини аввали Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров дирӯз зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки аъзои ҲХДТ аз натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ва дар шароити орому осуда баргузор гардидани он қаноатманданд. Солҳое гузаштанд, ки дар вақти гузаронидани интихобот вазъият ниҳоят муташанниҷ буд. Интихоботи имсола ба таври шаффофу демократӣ ва муташаккилона гузашт. Бояд гуфт, ки рақибони номзадҳои ҲХДТ шахсони сазовор буданд. Ин иштироки моро дар интихобот мароқовартару диққатҷалбкунанда гардонид, гуфт С.Сафаров. Қайд карда шуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби халқии демократӣ ният доранд, ки сиёсати пештараи худро дар бобати беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ давом диҳанд. Бо иштироки намояндагони ҲХДТ барномаи стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ то соли 2010 қабул шуда буд. Мо акнун кӯшиш хоҳем кард, ки барномаи мазкур то соли 2012 қабул карда шавад. Ҳадафи дигари мо муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор ва бо кор таъмин намудани теъдоди бештари одамон мебошад. С.Сафаров зикр нмуд, ки айни ҳол барои тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» миқдори хеле зиёди коргарону мутахассисон заруранд. Вале коргарони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ кор мекунанд. Бинобар ин мо бояд барои бар гардонидани онҳо ба ватан тадбирҳои судбахш андешем. Дуруст аст, ки онҳо дар хориҷи кишвар ба ивази меҳнаташон маоши калон мегиранд. Мо низ кӯшиш хоҳем кард, ки меҳнати онҳоро қадрдонӣ кунем. Ба ҳар ҳол, меҳнат дар ватан ба манфиати миллати худ самарабахштару фоидаовартар мебошад. Ба қавли С.Сафаров намояндагони ҲХДТ дар парлумон ният доранд, ки барои тақвияти мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ кумитаи алоҳида ташкил намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






