ҲХДТ СИЁСАТИ ПЕШТАРАИ ХУДРО ДАВОМ МЕДИҲАД

Март 3, 2010 09:23

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Муовини  аввали  Ҳизби халқии  демократии  Тоҷикистон  Сафар  Сафаров   дирӯз  зимни  сӯҳбат бо  хабарнигорон  изҳор  намуд, ки   аъзои  ҲХДТ  аз  натиҷаҳои  интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олӣ  ва  дар  шароити  орому  осуда  баргузор  гардидани он  қаноатманданд. Солҳое  гузаштанд, ки   дар  вақти  гузаронидани  интихобот  вазъият  ниҳоят  муташанниҷ  буд.  Интихоботи  имсола  ба таври  шаффофу   демократӣ  ва  муташаккилона  гузашт. Бояд  гуфт,  ки  рақибони  номзадҳои  ҲХДТ   шахсони  сазовор  буданд. Ин   иштироки  моро  дар  интихобот   мароқовартару  диққатҷалбкунанда  гардонид,  гуфт  С.Сафаров. Қайд  карда  шуд, ки  вакилони   Маҷлиси  намояндагон  аз  Ҳизби   халқии  демократӣ   ният  доранд,  ки  сиёсати  пештараи  худро  дар  бобати   беҳтар  сохтани   шароити  зиндагии  мардум  ва   коҳиш  додани  сатҳи  камбизоатӣ  давом  диҳанд. Бо  иштироки   намояндагони  ҲХДТ  барномаи  стратегии  кам  кардани  сатҳи  камбизоатӣ  то  соли  2010 қабул  шуда буд. Мо  акнун  кӯшиш  хоҳем  кард, ки  барномаи  мазкур  то  соли 2012   қабул  карда  шавад.  Ҳадафи  дигари мо  муҳайё  сохтани  ҷойҳои  нави  кор   ва  бо  кор таъмин  намудани теъдоди  бештари одамон  мебошад. С.Сафаров  зикр  нмуд, ки  айни  ҳол  барои  тезонидани  суръати  сохтмони  НБО «Роғун»  миқдори  хеле  зиёди  коргарону  мутахассисон   заруранд. Вале   коргарони тоҷик  дар  мамлакатҳои  хориҷӣ  кор  мекунанд. Бинобар  ин  мо  бояд  барои  бар  гардонидани онҳо  ба  ватан  тадбирҳои  судбахш  андешем. Дуруст  аст, ки  онҳо дар  хориҷи  кишвар   ба  ивази  меҳнаташон маоши  калон  мегиранд. Мо  низ   кӯшиш  хоҳем кард, ки меҳнати онҳоро  қадрдонӣ  кунем.  Ба  ҳар  ҳол,  меҳнат  дар  ватан  ба  манфиати  миллати  худ  самарабахштару  фоидаовартар  мебошад. Ба  қавли  С.Сафаров   намояндагони  ҲХДТ  дар  парлумон  ният  доранд, ки   барои  тақвияти  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  кумитаи  алоҳида  ташкил  намоянд.

Март 3, 2010 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад