АФЗОИШИ &#1202А&#1206МИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛИИ КИШВАР ДАР МОҲИ ЯНВАР

Март 5, 2010 10:48

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Аз  рӯи  маълумоти  Кумитаи давлатии  омори  ҷумҳурӣ,  маблағи  умумии  Маҷмӯи  маҳсулоти  дохилии  мамлакат  дар  моҳи  январи  соли равон  1  миллиарду  157,6   миллион  сомониро  ташкил  дод. Ҳаҷми  истеҳсоли  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  4,2  фоиз  афзуд. Аз  дафтари  матбуоти  Бонки  миллии ҷумҳурӣ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  афзоиши  ҳаҷми  Маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  ба  5,2  фоиз   зиёд  гардидани  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ,  14,1  фоиз   афзудани   сармоягузории  асосӣ, 16,3  фоиз  зиёд  гардидани  ҳаҷми  муомилоти  моли  чакана,  инчунин  9  фоиз  афзудани  ҳаҷми  хизматрасонӣ вобаста мебошад. Дар баробари  ин  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти  саноат  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли гузашта  9,0 фоиз  коҳиш  ёфт. Дараҷаи  беқурбшавии  пул  дар  давоми  моҳи  январ  0,7  фоизро  ташкил  дод, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли гузашта 0,3  фоиз  зиёд  мебошад. Сабабҳои  асосии  беқурбшавии  пул 0,1  фоиз  боло  рафтани  нархи  озуқа,  0,7  фоиз  афзудани  нархи  молҳои  ғайриозуқаворӣ  ва  3  фоиз  баланд  гардидани  нархи  хизматрасонии  пулакӣ  мебошанд.  

Март 5, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд