«АМОНАТБОНК»: БА МАБЛАҒИ ЗИЁДА АЗ 418 МИЛЛИОН СОМОНӢ САҲМИЯҲО ФУРӮХТА ШУД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Аз нахустин рўзи ҷойгиркунӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои мазкур то имрӯз, тамоми бахшу шўъба ва оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои фурўши саҳмияҳо кулли имкониятҳои худро баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабинии номбурда, сарф менамоянд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд, бо супориши роҳбарияти бонки мазкур дар рӯзҳои ҷашнгирии Иди байналмиллалии Наврӯз, дар аксари навоҳию шаҳр ва марказҳои вилоятҳо, дар ҷойҳои баргузории ҷашнҳо нуқтаҳои фурӯш ташкил гардида, фурӯши саҳмияҳои «НБО Роғун» ба роҳ монда шуда буд. Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк» то 25 марти соли 2010 тавассути муассисаҳои бонки мазкур ба маблағи 418 миллиону 621 ҳазору 300 сомонӣ саҳмияҳо фурӯхта шуда, ба суратҳисобҳои дар Вазорати молияи ҶТ будаи ҶСК «НБО Роғун» ирсол гардиданд. Фурӯши саҳмияҳо дар муассисаҳои бонк ҳамаҷониба идома ёфта, роҳбарият ва мутахассисин баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар доир намудани чорабинии мазкур, кўшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






