БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВИ ЗАРДОЛУ ВА ТОКЗОРҲО
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар соли 2010 тибқи дурнамои соҳа дар масоҳати 12088 гектар, аз ҷумла, 4605,5 гектар боғи зардолу ва 1113 гектар токзор бунёд хоҳанд кард. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, то 9 – уми марти соли ҷорӣ дар масоҳати 5483,9 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки он баробари 45,3 фоизи дурнамои вазоратро дар се моҳи соли ҷорӣ ташкил медиҳад. Деҳқонони ботаҷриба аллакай дар масоҳати 2548 гектар боғи зардолу, ки баробари 55,3 фоизи дурнамо мебошад ва дар майдони 258,4 гектар токзор бунёд кардаанд. Имрӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои тобеи марказ ва вилотҳои Хатлону Суғд ба бунёди боғу токзорҳо кор дар авҷ аст.