БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳи январи соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 2741 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 7,1 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 347 гектар мевагиҳои тухмдор (ангуру анор), 1972 гектар донакдор (себу нок), 198 гектар мағздор (зардолу,чормағзу бодом) ва 224 гектар меваҳои субтропикӣ (лимон) шинонда шудааст. Аз миқдори умумии боғҳои навбунёд 371 гектари он дар заминҳои лалмӣ бунёд гардидаанд. Дар моҳи январу феврали соли ҷорӣ ҳамчунин 118 гектар токзорҳои нав бунёд карда шуда аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 баробар зиёд аст. Соли ҷорӣ дар 24 гектар заминҳои лалмӣ токзорҳои нав бунёд карда шуда, 32 гектар боғ ва 8 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






