ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Март 4, 2010 14:16

Душанбе,  4 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба   Рӯзи модарон 5 марти соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии ҷавонон «Ориёно» чорабинии фарҳангӣ доир мегардонад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ озмуни маърифатии «Гули мурод» байни ҷавондухтарони лаёқатманду соҳибистеъдоди макотиби олии пойтахт баргузор мегардад, ки дар он  донишҷӯдухтарони   Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо иҷрои барномаҳои мухталифи  ҳунарӣ ширкат меварзанд.    Бояд қайд намуд, ки доираи мавзӯъоти чорабинии мазкурро ифодаи рисолаи «Сарчашмаи ягонаи ҳастӣ ва ҳаёт зан-модар» дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок хоҳад кард.

Март 4, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад