ЭҲТИЁТ ДАР ХАРИДИ ДОРУҲОИ «СОМНОЛ» ВА «МЕЗИМ ФОРТЕ»
Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои Хадамоти назорати двлатии фаъолияти фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 ҳазору 130 қуттичаи дорувории «Сомнол» ва 14 ҳазору 110 қуттичаи «Мезим форте» ҳангоми ташхиси лабораторӣ қалбакӣ дониста шуданд. Ин миқдор доруворӣ дар натиҷаи як амалиёти кормандони Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилӣ аз хонаи иҷоравии сокини ноҳияи Истаравшан дар шаҳри Душанбе, ки номаш барои халалдор нашудани тафтишот оварда нашудааст, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз ин рӯ Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз онҳое, ки ин доруҳоро аз дорухонаҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо хариданӣ мешаванд эҳтиромона хоҳиш мекунанд, ки сертификати сифати онро талаб намоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






