ЭҲТИЁТ ДАР ХАРИДИ ДОРУҲОИ «СОМНОЛ» ВА «МЕЗИМ ФОРТЕ»

Март 29, 2010 12:05

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи иттилои Хадамоти назорати двлатии фаъолияти фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 ҳазору 130 қуттичаи дорувории «Сомнол» ва 14 ҳазору 110 қуттичаи   «Мезим форте» ҳангоми ташхиси лабораторӣ қалбакӣ дониста шуданд. Ин миқдор доруворӣ дар натиҷаи як амалиёти кормандони Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилӣ аз хонаи иҷоравии сокини ноҳияи Истаравшан дар шаҳри Душанбе, ки номаш барои халалдор нашудани тафтишот оварда нашудааст, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз ин рӯ Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз онҳое, ки ин доруҳоро аз дорухонаҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо хариданӣ мешаванд эҳтиромона хоҳиш мекунанд, ки сертификати сифати онро талаб намоянд.

Март 29, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид