ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ

Март 4, 2010 11:36

Душанбе,  4 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Тибқи  хабари  Сафоратхонаи   Туркманистон  дар  Душанбе,  3  март   дар  шаҳри  Ашқобод  дар  қароргоҳи  Маркази  минтақавии   дипломатияи  пешгирикунандаи  Созмони  Милали  Муттаҳид  дар  Осиёи  Марказӣ   байни СММ   ва  Кумитаи  иҷроияи  Бунёди  байналмилалии  наҷоти  Арал    меморандуми  ҳусни  тафоҳум  имзо  карда  шуд. Дар  маросими  имзои  меморандум   намояндагони  СММ,  Бунёди  байналмилалии  наҷоти  Арал,  ВКХ Туркманистон,  роҳбарони  намояндагиҳои  дипломатии  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ва  Тоҷикистон ҳузур  доштанд.  Мухбири  АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад, ки  имзои  меморандум  дар  бобати   ривоҷ  додани  ҳамкории  минтақавӣ,  беҳтар  сохтани   вазъияти   экологӣ,  иҷтимоӣ  ва  иқтисодии  ҳавзаи  баҳри  Арал,  мусоидат  ба   муқаррар  намудани   роҳу  усулҳои  қобили  қабули  истифодаи  оқилонаи   захираҳои   оби   минтақаи  Осиёи  Марказӣ  иқдоми  муҳим  мебошад. Бунёди  байналмилалии  наҷоти  Арал  соли  1993  бо  қарори  сарони  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  бо  мақсади   бартараф  сохтани  оқибати   хушкшавии  баҳри  Арал,   беҳтар  намудани  вазъияти  экологӣ, иҷтимоӣ  ва  иқтисодии  минтақа ва  барқарор  сохтани он  ташкил  дода шуда буд.  Муассисони  бунёд   ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ  мебошанд.  Дар  давоми  15  соли  фаъолияти бунёд ду барномаи беҳтар  сохтани  вазъияти  ҳавзаи  баҳри  Арал  қабул  карда  шуд. Айни  ҳол  бунёди  мазкур   ба  таҳияи  барномаи  сеюм  машғул  аст, ки  тадбирҳои расонидани  кӯмакро  ба  мамлакатҳои   минтақа  дар  давраи  солҳои 2011 – 2015 дар  бар  мегирад.

Март 4, 2010 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд