ИНТИХОБОТИ ТАКРОРИИ ПАРЛУМОНӢ?
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари АбӮбакр). — Тибқи маълумоти пешакӣ аз 134 номзадҳои ба бюллетени овоздиҳӣ воридшуда 40 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев имрӯз, 1 март зимни иттилои натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ зикр намуд, ки дар 1 ҳавзаи якмандатии интихоботии Конибодом № 19, тибқи моддаи 49 Қонуни конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Интихоботи такрорӣ пас аз ду ҳафта доир мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки ба бюллетенҳои интихоботи пинҳонӣ аз 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 131 номзад навишта шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ аз 134 номзадҳои ба бюллетени овоздиҳӣ воридшуда 40 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






